Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори навбатӣ дар бозори "Корвон"


Дар ҳудуди соати панҷи рӯзи якшанбе дар бозори "Корвон", бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон оташсӯзӣ ба амал омада, чандин ғуфраи фурӯши мол, хусусан мағозаҳои либосфурӯширо ба хокистар табдил кард. Раҳмон Бобоев, яке аз масъулони таъмини бехатарии сӯхтор дар бозори "Корвон" гуфт: "Соатҳои ягон 20 дақиқа кам то 6 буд, ки ба мо хабар доданд. Мо расида омадем. Тақрибан 1 соат идома кард сӯхтор. Мо бо кӯмаки сӯхторнишонҳои шаҳр ва худи бозор фурӯ нишондемаш."

Оташсӯзии рӯзи якшанбе дар бозори "Корвон" кадом хисороти ҷонӣ ба бумбол надоштааст. Вале мизони хисороти молии ин ҳодиса ва ҳамчунин иллати оташсӯзӣ ҳанӯз тадқиқ нашудааст. Яке аз фурӯшандаҳои ин бозор мегӯяд: "Ба маблағи якуним миллион сомонӣ бор гирифта будам барои фурӯш. Ҳамааш сӯхт. барои ҳамин, ин ҷо гириста нишастаам." Фурӯшандаи дигар мегӯяд: "Ин бори шашум аст, ки бозори "Корвон" дучори сӯхтор мешавад. Чӣ гап аст, ки ҳеҷ намегузорранд, як сӯми мо ду сӯм шавад?"

Бозори "Корвон" дар каронаи ҷанубии шаҳри Душанбе воқеъ шуда, 3 сол боз фаъолият дорад. Танҳо дар соли ҷорӣ "Корвон" бори дуввум аст, ки дучори оташсӯзӣ мешавад. Мақомот то кунун илали оташсӯзиҳои қаблӣ дар бозори "Корвон"-ро низ ташхис накардаанд ва ҳам ба ҳеҷ яке аз фурӯшандагони аз он ҳаводис хисоротдида низ кадом як маблағи ҷуброн то ҳол пардохт нашудааст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG