Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба истеъфои Рамсфелд


Утоқи ахбор

Пуштибонон ва мухолифони сиёсати Амрико дар Ироқ ба эълони истеъфои вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд, ки шоми чаҳоршанбе садо дод, вокуниш нишон медиҳанд. Ҷон Ҳовард, нахуствазири Австралия ва як муттафиқи Амрико гуфт, ки барояш шахсан оқои Рамсфелд мақбул аст ва рафтани ӯ боиси тағйироти бунёдӣ дар сиёсати Амрико нахоҳад шуд. Вай гуфт:

"Ин вокуниши табиии раиси ҷумҳурии Амрико ба интихобот буд. Ва ин як масъалаи ҳассос аст. Аммо вокуниши ӯ маънои онро надорад, ки дар сиёсати Амрико тағйироти бунёдӣ пеш хоҳад омад"

Ҷопон, шарики дигари ИМА дар Ироқ, гуфтааст, ки ширкати худро дар барномаҳои барқарорсозии ин кишвар ҳамоно идома хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, мунаққидони сиёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ироқ бештар аз Осиёву Ховари Миёна ва Амрикои Лотин садо баланд карда, аз як сӯ истеъфои оқои Рамсфелдро истиқбол намуданд. Раиси ҷумҳурии Венесуэла Ҳуго Чавез, ки бо баёнияҳои шадидлаҳнаш нисбати Амрико маъруф шудааст, гуфт, фурсати рафтани Рамсфелд расида буд.
XS
SM
MD
LG