Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон нӯҳ миллион евро медиҳад


Кумиссиюни Аврупо ҷиҳати пуштибонӣ аз Барномаи амнияти озуқаи Тоҷикистон нӯҳ миллион евро ҷудо мекунад.


Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Андриан Ван дер Меер дидор дошт, гуфт, ки ин кӯмак билоиваз буда барои муроқибат аз амволи давлатӣ, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ масраф хоҳад шуд.


Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар навбати худ гуфт, Барномаи амнияти озуқаи Тоҷикистон то соли 2010 дар назар гирифта шудааст ва Иттиҳоди Аврупо дар иҷрои ин барнома ёриҳои худ ба Тоҷикистонро идома хоҳад дод.


Ҷаноби Ван дер Меер гуфт, айни ҳол дар Иттиҳоди Аврупо як барномаи стротежӣ дар ҳоли тарҳрезӣ қарор дорад, ки мувофиқи он дар назар аст, Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар роҳи коҳиши фақр, рушди ҳамкориҳои минтақаӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, нақлиёт ва обу барқ, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кӯмак расонад. Сафири Иттиҳоди Аврупо гуфт, қабули барномаи мазкур тобистони соли оянда дар назар аст.
XS
SM
MD
LG