Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Рушайло: "Интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон демократӣ буд"


Михаил Рушайло, раҳбари ҳайати нозирони кишварҳои узви ҷомеъаи Муштаракулманофеъ интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маҷмӯъ шаффоф ва демократӣ номид. Ӯ гуфт, бо сарфи назари баъзе камбудиҳои ҷузъӣ, интихобот дар Тоҷикистон дар фазои шаффофу демократӣ баргузор шуд.


Сари вақт омода нашудани рӯйхати раъйдиҳандагон ва бе имзои раиси кумиссияи маҳаллии интихобот пешниҳод шудани ин рӯйхатҳо дар баъзе аз қитаъоти райъдиҳӣ, набуди васоили эҳтиётии таъмини барқ дар баъзе қитъаҳои раъйдиҳии манотиқи дурдастро ҷаноби Рушайло ба унвони намунаҳои камбудӣ дар интихобот мисол овард.


Ва аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, нозирони кишварҳои Муштаркулманофеъ ба интихобот дар кишваре аз дидгоҳи мавқеъи ҳукумати кишвари худ баҳо медиҳанд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG