Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Рӯзи интихобот - як рӯзи маъмулӣ


Бино ба хабари кумисссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон то нимрӯзи шашуми ноябр наздики 80 дар сади овоздиҳандагон дар вилояти Суғд назди қуттиҳои раъдиҳиҳӣ ҳозир шуда, овоз додаанд. Вилояти Суғд бо тақрибан як миллиону дусад овоздиҳанда ба 18 ҳавза тақсим шудааст.
Рӯзи интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи шимолии кишвар чун дигар рӯзҳои муқаррарӣ оғоз ёфта, ҳамчунин давом мекард. Бисёре аз овоздиҳандагони Хуҷанд ва маҳалҳои атрофи он дар бораи интихобот ва овоздиҳии худ бепарвоёна сӯҳбат мекарданд, мисли ин ки як кори оддӣ ва маъмулиро анҷом додаанд.
Ба гуфтаи бархе аз овоздиҳандагон ва нозирон, дар ҷараёни овоздиҳӣ мавридҳои нақзи ҳуқуқи раъйдиҳандагон ҷой доштаанд. Масалан, як овоздиҳанда аз қитъаи овоздиҳии рақами яки Истаравшан бидуни ифшои номи худ дар сӯҳбати телефонӣ гуфт:
«Дар ин ҷо мавридҳое ҳам шуда истодааст, ки як нафар ба ҷои чанд кас овоз медиҳад. Яъне, ба ҷои аъзои оилаи худ, ки ба қитъаи овоздиҳӣ наомадаанд. Илова баъзе бачаҳои синнашон то 18 сола баргаҳои раъйдиҳии падару модарҳои худро ба қитъа оварда, ба қуттиҳои овоздиҳӣ партофта истодаанд.»
Чунин мавридҳои ба ҷои чанд нафар овоз додани як овоздиҳанда дар қитъаи овоздиҳии рақами 11 - и Хуҷандро нозир аз ҳизби коммунистӣ дар ин қитъа - Аскар Воҳидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баён дошт.
Зимнан, ба кумиссиюни ҳавзавии Хуҷанд нозирон аз ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва ҳизби демократи Искандаров дар рӯзи интихобот ҳозир нашуданд.
XS
SM
MD
LG