Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ: "Аҳолии Тоҷикистон ба иттилоъи озод дастрасӣ надорад"


Ню Йорк Латифи Латиф

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар баёнияи нави худ маҳдудиятҳои дастрасии интихобкунандагони Тоҷикистонро ба иттилоъ дар маъракаи муҳим зери танқид гирифт. Дар ин санад гуфта мешавад, фишор ба расонаҳои хабарии мухолиф ва мустақил шаффофияти интихоботро зери суол мебарад. Шабакаҳои телевизионии таҳти назорати давлат, ки манобеъи асосии хабар ва маълумот дар Тоҷикистонанд, корзори интихоботро яктарафа ва ба нафъи президенти кунунии кишвар бозтоб медиҳанд.


Нина Огниянова, раиси Бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар CPJ мегӯяд: "Аҳолӣ дар Тоҷикистон сарчашмаҳои хабарии боэътимод надорад ва бино бар ин интихоби дурусту мунсифона карда наметавонад. Телевизион ба таври густарда аз Раҳмонов таблиғ мекунад, аммо барои чаҳор рақиби ӯ вақти телевизиониро маҳдуд кардааст."


Кумитаи дифоъ аз журналистон ҳамвора давлати Тоҷикистонро барои фишор ба матбуот танқид кардааст. Дар изҳорот омадааст, ягон шабакаи радиоӣ ё телевзионӣ ҳаққи пахши барномаҳои худро дар мавҷи FM надорад ва моҳи январи соли равон пахши барномаи радиои Би-би-Си дар амвоҷ бо баҳонаи норасоӣ дар аснод қатъ гаштааст.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG