Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазири хориҷаи Олмон бо Эмомалӣ Раҳмонов


Вазири умури хориҷаи Олмон Франк-Валнтер Штайнмайер, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, аз раҳбарони сиёсӣ хостааст, ба иқдомот ҷиҳати навсозии ин кишвар идома диҳанд. Вазири хориҷаи Олмон баъд аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, ки оқои Раҳмонов қавл дод, ислоҳоти демукросиро идома ва барои ҳокимияти қонун дар кишвар саъй мекунад.


Франк Волтер Штайнмайер барномаи ҳастаии Иронро барои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ як ташвиши ҷиддӣ унвон кард. Вазири умури хориҷаи Олмон дар иртибот ба вазъи сиёсии минтақа гуфт: «Мо ҳамаи талошҳоро барои оромӣ ва суботи вазъи Афғонистон, ки дар доираи манофеъи мо қарор дорад ба харҷ додаем. Ҳарчанд то кунун дар ин замина ба як комёбии қобили мулоҳиза нарасидаем, аммо набояд осуда ва ором буд».


Вазири хориҷаи Олмон дар ҳоле аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан мекунад, ки ин кишвар то чанд муддати дигар раҳбарии Иттиҳодияи Урупоро ба ӯҳда хоҳад гирифт. Бо таваҷҷӯҳ ба ин оқои Штайнмайер таъкид кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба миёни Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон баъди интихоби президенти нави ин кишвар низ идома ва тавсиа хоҳад ёфт. Вай афзуд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон итминон додааст, кишвараш дар масири демократӣ қарор дорад ва минбаъд ин роҳро идома медиҳад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG