Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РусАл иттиҳомро рад кард


Ширкати РусАл ("Русский алюминий") иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон дар мавриди канор рафтан аз созишномаи таҷдиду бозсохти корхонаи алюминийи шаҳри Турсунзодаро рад кард. Дафтари РусАл дар Душанбе дар як баёния изҳор намуд, ки ширкат ӯҳдадориҳои худ дар робита ба бунёди неругоҳи Роғун, таҷдиди корхонаи алюминийи Турсунзода ва бунёди корхонаи нави алюминий дар ҷануби Тоҷикистонро иҷро мекунад. Тибқи ин баёния, моҳи сентябри соли равон ширкати олмонии Lahmaer асноди техникииву бонкии марбут ба бозсохти корхонаи аллюминийро таҳия карда ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон гузошт.


Дирӯз Шералӣ Гулов, раиси кумитаи амволи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки "ҳукумати Тоҷикистон солҳои наздик корхонаи алюминийро на ба ширкати Русия ва на ба ягон ширкати дигари хориҷӣ фурӯхтанӣ нест". Дар робита ба иҷрои созиши миёни ҳукумат ва РУСаЛ ӯ изҳор намуд, ширкати русӣ то имрӯз барои бозсохти корхона ҳатто як доллар сарф накардааст. Гуфта мешавад, тибқи ин созиш бояд РУСаЛ барои бозсохт ва ба меъёрҳои муҳитизистӣ мутобиқ кардани корхонаи алюминийи Тоҷикистон 150 миллион доллар ҷудо мекард.


Шералӣ Гулов дар робита ба мушкили дарёфти маводи хом барои корхонаи алюминийи Тоҷикистон гуфт, ҳукумати ҷониби Тоҷикистон бо Ҳиндустон ва Қазоқистон қарордод имзо кардааст ва айни ҳол ба корхона ба миқдори зарурӣ хокаи рус (глинозем) ворид мешавад. Ӯ афзуд, дар қаламрави Тоҷикистон низ ба миқдори бузург мавҷуд аст, ки коркарди он бо сармоягузории хориҷӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Корхонаи алюминийи шаҳри Турсунзода соле тақрибан 380 ҳазор тонна алюминий тавлид мекунад.
XS
SM
MD
LG