Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи шадид дар Амрико


NCA Зилзилаи шадиде ба андозаи 6,6 дараҷа субҳи якшанбе хоки аёлаи Ҳавайии Амрикоро такон дод.

Дар натиҷа, хатҳои барқ ва шишаҳои сохтмонҳо хароб шуда дар аксар маҳалҳо биноҳову иморатҳо шадидан осеб дидаанд. Назар ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ин ҳодисаи табииӣ талафоти ҷониро ба бор наовардааст. Пажӯҳиши заминшиносии Амрико ҳокист, зилзила баъди он рух дод, ки дар қишри замин такони сахте дар сатҳи 5,8 дараҷа ба қайд гирифта шуд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико феълан фурудгоҳҳои давлатӣ баста шудаанд.
XS
SM
MD
LG