Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон мизбони пойгоҳи низомии Ҳинд нахоҳад буд"


Генерал-майор Маъруф Ҳасанов дар сӯҳбат бо хабаргузории "Азия-Плюс" гуфт, хабари ин ки гӯё ҷониби Ҳинд ният дорад дар фурудгоҳи Айнии канори Душанбе 12 ҳавопаймои ҷангии худро ҷо диҳад, ба қавли ӯ муболиғае беш нест.


Чаҳор сол аст, ки мутахассисони ҳиндӣ ба ҳамтоёни тоҷикистониашон дар таъмиру тармими ин фурудгоҳ кӯмак мекунанд. Маъруф Ҳасанов инчунин гуфт, ки дар масъалаи тамрини халабонҳои тоҷик, ки дар ин бора қаблан сӯҳбат шуда буд, ҳанӯз мувофиқаи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.


Ӯ афзуд, то соли 2007 қарор аст, корҳои барқарорсозии ин фурудгоҳ анҷом дода шуда баъди он ба Тоҷикистон мутахассисони низомии ҳиндӣ ташриф биёранд. Ҳафтаи гузашта дар як сомонаи интернетии русӣ навишта шуд, ки Деҳлии Нав ният дорад дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи низомии худро бунёд кунад.


Феълан дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия мустақар аст, ки ду соли пеш бар асоси нирӯҳои дивизияи 201-уми низомӣ ташкил шуд. Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар сурати зарурӣ аз фурудгоҳи Айнии Душанбе истифода хоҳанд кард.


Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ахиран ба Фаронса иҷоза додааст, ки ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар то моҳи декабри имсол аз фурудгоҳи Душанбе истифода намоянд. Сухан аз се ҳавопаймои "Мираж-2000" меравад, ки аз ҷониби Фаронса дар амалиёти зидди террори Афғонистон истифода мешавад. Даниел Тиел, муовини атташеи низомии сафорати Фаронса дар Душанбе бо зикри ин матлаб ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, ки сабаби тамдиди мӯҳлати истифодаи фурудгоҳ ба идомаёбии амалиёти нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон бастагӣ дорад.


Ҳавопаймоҳои "Мираж" аз моҳи май инҷониб дар фурудгоҳи марказии Душанбе мустақар шуда, аз сӯи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон истифода мешаванд. Дар баробари ин, феълан ҳудудан 400 нафар нирӯҳои фаронсавӣ дар ҳайати контингенти низомии ин кишвар дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG