Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи сулҳи Нобелро бонкдор соҳиб шуд


Шафқати Раҷабиён

Ҷоизаи сулҳи Нобел ба Муҳаммад Юнус аз кишвари Банглодеш ва бонки вай, ки барои мубориза бо фақру бенавоӣ таъсис карда, эъто шудааст. Уле Данболт Мйоэс, раиси Кумитаи норвежии Нобел, ин хабарро имрӯз 13 октябр дар шаҳри Осло эълом кард:


"Кумитаи норвежии Нобел тасмим гирифтааст, ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2006-ро ба шакли ду бахши баробар ба Муҳаммад Юнус ва Бонки Гармин ба хотири талошҳояшон барои иҷоди тавсеъаи иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ аз поин тақдим кунад."


Ба гуфтаи Кумитаи Нобел, қабл аз оғози фаъъолияти бонкдории Муҳаммад Юнус дар се даҳа пеш додани эътибори молӣ ба мардуми фақир, ки амнияти молӣ надоштанд, як фикри хом ба назар мерасид. Ин кумита мегӯяд, ки наҳваи бархӯрди оқои Юнус ва бонки вай ба милюнҳо фарди фақир дар Банглодеш ва саросари ҷаҳон кӯмак кардааст, ки худро аз вартаи фақру фоқа наҷот диҳанд. Муҳаммад Юнус ва бонки вай, ки ҷоизаи сулҳро бурданд, аз миёни 191 номзад интихоб шудаанд. Қимати ин ҷоиза 1.36 милюн дуллор аст.
XS
SM
MD
LG