Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири Ню-Йорк: "Бархӯрди ҳавопаймо тасодуф аст, на ҳамлаи террористӣ"


Дар натиҷаи бархӯрди ҳавопаймои хурд ба бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Ню-Йорк ҳадди ақалл чор нафар ба ҳалокат расиданд.
Баъди бархӯрд бинои 50-ошёна оташ гирифт . Мақомот мегӯянд, ҳеҷ шаҳодате ба назар намерасад, ки ҳамлаи террористӣ ҷой дошта бошад.
Аснои сӯҳбат бо хабарнигорон мири Нюйорк Майкл Блумберг таъкид кард:

"Возеҳ аст, ки дар ин рӯзҳо вақте хабари бархӯрди ҳавопаймо бо бино интишор мегардад, ҳар кас ҳассосият нишон медиҳад. Бахши амнияти дохилӣ, Полиси Ню-Йорк ва ҳар каси даст дошта дар ин корҳо ягон шаҳодати ҳамлаи террористиро пайдо накардааст. Чаро ҳавопаймо ба самти кӯчаи 72-ум тоб хӯрда ба бино задааст, бояд тафтиш ва муайян гардад. Аммо то ҳол ягон шаҳодати шабеҳи ҳамлаи террористӣ ба назар нарасидааст."

Яке аз фавтидагон, соҳиби ҳавопаймо ва ронандади он, узви дастаи бейсболи "Ню-Йорк Янкиз" Корӣ Лидли 34 сола будааст.
Ҳавопаймои сарнагуншуда дорои чор ҷои нишаст ва як муҳаррик буд. Кормандони шифохонаи Пресбитериан мегӯянд, ки нуҳ нафар бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол ёфтаанд.
Ба қавли телевизиони CNN вазорати мудофиаи ИМА барои эҳтиёт ҳарими ҳавоии Ню-йоркро зери назорати ҳавопаймоҳои дифоӣ қарор додааст.
Ба қавли Қасри Сафед президенти ИМА Ҷорҷ Буш аз ҳодиса хабардор аст. Қасри Сафед бар ин назар аст, ки ҳодиса тасодуф мебошад.
XS
SM
MD
LG