Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қонун дар бораи савганди садоқати нерӯҳои мусаллаҳ ба раиси ҷумҳури кишвар" ба тасвиб расид


Порлумони Тоҷикистон қонуне қабул кард, ки ҳамакнун мувофиқи он дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи президент савганди ҳарбӣ ёд хоҳанд кард.


Абдуманнон Холиқов-раиси Кумитаи амният ва дифои порлумони Тоҷикистон гуфт, лоиҳаи қонуни мазкур аз сӯи Эмомалӣ Раҳмонов-раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ва таъйид ба Маҷлис ирсол шудааст.


Рамил Нодиров-муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон гуфт, дар ҳоле, ки шаҳрвандони кишвар раиси ҷумҳуриро интихоб мекунанд, дар ин ҳолат мафҳуми президент ва ватан ҳаммаъно хоҳад шуд.


Ва аммо ба андешаи Муҳиддин Кабирӣ-вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, чунин асноди ҳуқуқӣ бештар хос ба кишварҳои шоҳигарист.


Тафсилоти ин хабар зери ин хати сабз аст.
XS
SM
MD
LG