Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ричард Баучер ба Тоҷикистон меояд


Ба иттилоъи сафорати Иёлоти муттаҳида дар Тоҷикистон, Ричард Баучер, ёвари Котиби Давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи ҷумъа вориди Душанбе хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки худи ҳамон рӯз дипломати воломақоми амрикоӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва вазири умури хориҷа Талбак Назаров дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Интизор меравад, ки дар ин мулоқотҳо дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон, ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ва таъмини оромиву субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шавад.
Ин дуввумин сафари ёвари Котиби Давлатии ИМА ба Тоҷикистон дар соли равон аст. Дар сафари пешинаш ҷаноби Баучер масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энерҷӣ ва аз ҷумла, имкони бунёди неругоҳи Даштиҷум дар рудхонаи Панҷро ба миён гузошта буд.
XS
SM
MD
LG