Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояҳои бозори 82-ро низ тахриб мекунанд


Шаҳрдории Душанбе - пойтахти Тоҷикистон қарор кардааст, як силсила дӯконҳои тиҷоратие, ки дар маҳаллаи 82, дар шафати бозори баҳорон тахрибшудаи Роҳи Абрешим бунёд шуда буданд, то 30 ноябр аз миён бардошта шавад. Шафқат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба сомонаи Озодӣ гуфт, сохтмони ин дӯконҳо, ки аз кунҷи хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Шамсӣ дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров воқеъанд, ғайримуҷоз сурат гирифтааст ва ба Тарҳи генералии пойтахт посух намегӯяд. Қарори ғайримуҷоз будани ин сохтмонҳоро Кумитаи замин ва Идораи бунёд ва меъмории шаҳрдорӣ қабул кардааст.


Ҳамакнун, аз ҷониби шаҳрдорӣ ба дӯкондорон ду моҳ мӯҳлат дода шудааст, ки то 30 ноябр дӯконҳои худро тахриб намоянд. Дар сурати ғайр, шаҳрдорӣ бо нерӯи худ ин сохтмонҳоро тахриб менамояд ва аз болои дӯкондор ба додгоҳ барои ситонидани масрафоташ муроҷиат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG