Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рабояндаи ҳавопаймои Туркия дар Итолиё таслим шуд


Ба навиштаи матбуоти Итолиё, як шаҳрванди Туркия, ки як ҳавопаймои ҳомили 113 сарнишин, марбут ба ширкати ҳавоии Туркияро рабуда буд, худро дар шаҳри Бриндиси ба пулиси Итолиё таслим кардааст. Дар пайи як музокироти кӯтоҳ ҳамаи халабонҳо ва мусофирони ҳавопаймои рабудашуда дар фурудгоҳи Бриндиси поён шудаанд.

Ҳавопаймои Боинг 737, ки дар масири Тирана Истамбул ҳангоми радд шуданаш аз ҳарими ҳавоии Юнон рабуда шуд, бо талоши ҷангандаҳои итолиёӣ дар Бриндиси ба замин нишаст. Мақомоти Итолиёву Туркия мегӯянд, рабоянда нафари ба дини масеҳӣ гароида буда, мехостааст попи Рум дар сар кашидан аз хидмати низомӣ дар Туркия кӯмакаш кунад.
XS
SM
MD
LG