Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW Созмони Милалро ба маҳзи рӯйдодҳои Андиҷон ба боди танқид кашид


Ҳюман Райтс Вотч, гурӯҳи дидбони ҳуқуқи башар, мақараш дар Ню-Йорк низ дирӯз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ-ро ба боди танқид кашид, ки фурсати муҳим ба манзури расидагӣ ба рӯйдодҳои хунини моҳи майи соли гузашта дар шаҳри Андиҷони Узбакистонро аз даст додааст. Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, Шӯрои ҳуқуқи башар рӯзи 2 октябр дар поёни нахустин мубоҳисаи вазъи Узбакистон бо сарфи назар аз муҳокимаи ошкори масъала қарор карда, ки баҳсро пушти дарҳои баста идома диҳад.

Ҳюман Райтс Вотч дар баёнияи кӯтоҳе, ки дар Женева нашр кард, мегӯяд, ин тасмим ҳокӣ аз паёмест, ки даст задан ба куштор ва саркашӣ аз ҳамкорӣ бо ҷомиаи байналмилалӣ дар воқеъ пайомаде метавонад надошта бошад.
Мақомоти Узбакистон теъдоди кушташудагон дар рӯйдодҳои Андиҷонро 187 нафар ҳисоб кардаанд, дар ҳоле ки гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар бораи ҳалокати шумори ба маротиб бештари мардум дар он ҳаводис гузориш додаанд.
Узбакистон соли гузашта тақозои анҷоми таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои Андиҷонро радд кард.
XS
SM
MD
LG