Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олии Русия аз Ҳ. Насруллоев ҳимоят кард


Додгоҳи Олии Русия рӯзи душанбе, 2 октябр ҳукми додгоҳи шаҳри Маскав аз 21 август мабнӣ ба радд кардани дархости додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Ҳабиб Насруллоев, раиси собиқи ҷамъияти Тоҷикматлуботро таъйид кард.


Додгоҳи Олии Русия дар асоси эътирози додситонии кулли Русия ба ҳукми додгоҳи шаҳри Маскав ба муҳокимаи дигарбораи парвандаи Ҳабиб Насруллоев пардохта буд. Анна Ставитская, вакили мудофеъи оқои Насруллоев ба хабарнигорон гуфт, ки Додгоҳи Олӣ ҳамин тавр вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар парвандаи муваккили ӯро таъйид кардааст.


Ҳабиб Насруллоев, аз фармондеҳони умдаи Фронти Халқӣ, ки дар амри ба сари қудрат овардани давлати Эмомалӣ Раҳмонов нақши муҳим бозидааст, соли 1997 дар пайи як табаддулоти ноком ба раҳбарии сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев Тоҷикистонро тарк кард. Ӯ ҳанӯз дар авоили соли 2003 дар Маскав бо дархости мақомоти Душанбе боздошт шуд ва беш аз 3 солро дар интизори муҳокимаи парвандаи истирдодаш дар боздоштгоҳ ба сар бурд.


Додситонии кулли Тоҷикистон ӯро дар нақзи 7 банди қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла узвият дар гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, куштор ва хиёнат ба ватан муттаҳам мекунад.


Рӯзи 3 июли соли ҷорӣ додситонии кулли Русия қарор кард, Насруллоевро ба Душанбе мустарад кунад, вале вукалои мудофеъи ӯ ба додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар Страсбург шикоят бурданд.


Ин додгоҳ ба Русия тавсия дод, ки аз истирдоди Ҳабиб Насруллоев худдорӣ кунад. Ва рӯзи 21 август додгоҳи шаҳри Маскав дархости истирдоди варо радд ва вазири собиқи давлати Тоҷикистонро аз толори додгоҳ озод кард.
XS
SM
MD
LG