Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанг дар Ироқ ба афзоиши хашми мусалмонон анҷомидааст"


Бино ба як гузориши истихборотии ғайримаҳрамонашудаи давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҷанг дар Ироқ боиси афзоиши хашми амиқ дар ҷаҳони ислом шуда ва сарбозгирии ифротагроёни исломиро содатар кардааст.


Бахше аз ин гузориш шомгоҳи сешанбе (26 сентябр) мунташир шуд. Пеш аз он Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Амрико дастур дода буд, ки бахше аз он гузориш ғайримаҳрамона шавад, то дар баробари гузоришҳои расонаҳо, ки ба гуфтаи вай, дар бораи Ироқ натиҷагириҳои нодурусте ироа медиҳад, қарор бигирад.


Таҳлилгарони аршади истихбороти Амрико натиҷагирӣ кардаанд, ки сарфи назар аз осеби ҷиддӣ ба раҳбарии шабакаи Ал-қоъида, хатари ношӣ аз ифротгароии исломӣ вусъати бештари шуморӣ ва ҷуғрофиёӣ касб кардааст.


Оқои Буш пофишорӣ мекунад, ки тасмими вай мабнӣ бар ишғоли Ироқ зарурӣ буд, то бо як хатари билқувва муқобила шавад. Аммо афкори умумии Амрико ба таври физоянда хаста аз ҷанге ба назар мерасад, ки ҷони ҳудуди 2700 нирӯи амрикоиро рабуд ва хушунати миёнфирқаӣ дар он роиҷ аст.
XS
SM
MD
LG