Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими ҲДТ алайҳи интихоботи президентиТоҷикистон


Анҷумани нуҳуми ғайринавбатии ҳизби демократи Тоҷикистон бар асоси қарори худ алайҳи интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳурӣ таҳрим эълон кард. Дар анҷумани мазкур изҳороти ҳизби демократ пахш гардид, ҳамчунин дар он аз вазъи сиёсӣ кишвар, тақаллубкориву қонуншиканиҳо дар интихоботҳо ва ҳамчунин зери фишор қарор доштани чеҳраҳои сиёсӣ ва матбуоти озод ёдоварӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар анҷуман ҳамчунин аз сӯи бархе вакилон пешниҳод шуд, ҳизби демократ бояд дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар иттиҳод бо ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ширкат кунад ва аз номзади ин ҳизб пӯштибонӣ намояд. Вале бештарини вакилон муқобили ин қабил пешниҳодот буданд. Вакилони анҷумани нуҳуми ҳизби демократи Тоҷикистон ташкили ҷиноҳи Ватан дар дохили ҳизби демократ ва даъвати анҷумани фавқулоддаи баргузоргкардаи онҳоро ғайриқонунӣ унвон карда, ба чунин қарор расиданд, ки муассисони ин анҷумани фавқулодда ва ҷиноҳ аз раёсати ҳизб барканор ва муҷозот шаванд. Ҳамчунин дар анҷуман чаҳор нафар узви раёсати ин ҳизб, ки бо далелҳои мухталиф аз ин раёсат хориҷ шудаанд, интихоб карда шуд. Ва низ сардабири нашрияи ҳизби мазкур, ки пас аз таваққуфи тӯлонӣ дубора ба нашр ғоз кардааст, интихоб гардид.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG