Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф Афғонистонро маншаъи мушкилоти амниятӣ хонд


Раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф дигарбора мақомоти Афғонистонро мавриди танқид қарор дода, гуфт, ки онҳо барои нобудии Толибон ва аъзои Ал-қоида дар Афғонистон ва дар марзи ин кишвар бо Покистон чандон коре накардаанд. Парвиз Мушарраф дар ҳошияи нишасти Маҷмаии Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Нйю-Йорк рӯзи чоршанбе (20 сентябр) гуфт, 27 сол боз аст, ки Афғонистон барои Покистон мушкилӣ меофарад:


"Мушкилӣ дар Афғонистон боқист ва ин барои Покистон мушкилӣ эҷод мекунад. Афғонистон 27 сол боз аст, ки барои Покистон мушкилот эҷод мекунад. Аз соли 1979 Покистон таҳти таъсири таҳаввулоте қарор дорад, ки дар Афғонистон иттифоқ меафтад. Ва ҳоло онҳо мехоҳанд ба мо бигӯянд, манбаъи ин ҳама дар Покистон аст. Дар Покистон чизҳое иттифоқ меафтанд, аммо маркази онҳо Афғонистон аст."


Парвиз Мушарраф эътироф кард, ки дар Покистон баъзан Толибон ҳимоят мешаванд, аммо ӯ мақомоти Афғонистонро ба иқдом ба зидди Мулло Умар ва сохтори фармондеҳии ӯ даъват кард, ки ба қавли оқои Мушарраф дар Қандаҳор паноҳ ёфтааст.

Пеш аз ин баёнияҳои Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зоҳиран бо ишора ба Покистон гуфт, то замоне, ки паноҳгоҳҳои терористон дар хориҷи Афғонистон нобуд накунанд, ҳамлаҳои Толибонро қатъ кардан мушкил аст.
XS
SM
MD
LG