Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки сафорати Амрико барои ҳифзи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон


Сафири Амрико ва мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон зери як санад дар мавриди сармоягузории барномаи бозсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон имзо гузоштанд. Бар асоси ин тарҳ, ки он аз ҳисоби бунёди сафири Амрико сармоягузорӣ хоҳад шуд, феҳраси мероси таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон мураттаб шуда ва якчанд ёдгории меъморӣ ва таърихӣ, аз ҷумла, мадрасаи Хоҷа Машҳад дар Қабодиён тармим ва бозсозӣ хоҳад шуд. Хонум Трейси Якобсон зимни ироаи ин кӯмакҳо гуфт, «Мо ба унвони амрикоӣ ба ин васила мехоҳем навъе эҳтироми худ ба таърих ва фарҳанги тоҷиконро баён кунем. Шумо таърихи бостонӣ ва пурғановате доред. Хушҳолем, ки дар ин амр саҳм мегирем.»


Дар ҳамин ҳол, Музаффар Азизов - сардори раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва бозрасии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Шӯравии пешин дар Осиёи миёна танҳо ҷумҳуриест, ки феҳраси ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии худро таҳия ва нашр накардааст. Ба гуфтаи ӯ, нобасомониҳои дохилӣ ва касодии иқтисодӣ боис шудааст, ки хеле аз ёдгориҳо аз миён биравад ва ё дар вартаи нобудӣ қарор бигирад.


Бар асоси ҳамин тарҳ, ҳамчунин шакли электронии феҳраси мазкур низ таҳия ва мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Феҳраси мазкур 10 моҳ фурсати иҷро дорад. Аммо мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ҷануби Тоҷикистон то ду соли дигар бояд тармим ва бозсозӣ шавад.


Хонум Трейси Якобсон, ки ду ҳафта аст, ба унвони сафир дар Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст, ба севумин барномаи кӯмаки билоиваз ба ниҳодҳои Тоҷикистон имзо гузошт. Дар рӯзи гузашта низ миёни сафири Амрико ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон як созишнома ҷиҳати тақвияти ҳимоят аз марзҳои Тоҷикистон ба имзо расид. Бар асоси ин созишнома, Иёлоти Муттаҳида 5 миллион доллар дар ихтиёри нирӯҳои марзбонӣ қарор хоҳад дод.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG