Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро аз ҳаққи раъй дар СММ маҳрум накардаанд


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ин кишварро аз ҳаққи раъй дар анҷумани 61-уми Маҷмааи Кулли Созмони Милал маҳрум накардаанд. Нуриддин Шамсов - раиси идораи созмонҳои байналмилалӣ дар вазорати умури хориҷа ба Радиои Озодӣ гуфт, чанде пеш Гривер Бернард раиси кумитаи ҳаққи узвият дар Созмони Миллал ба раиси Маҷмааи Кулл тавсия додааст, то ҳаққи Тоҷикистон барои раъйдиҳӣ то охири анҷуман, ки моҳи июни соли оянда анҷом меёбад, тамдид карда шавад.


Нуриддин Шамсов бо иқтибос аз номаи Гривер Бернард гуфт, тавсияи мазкур ба он хотир аст, ки Тоҷикистон ҳаққи узвият ва дигар қарзҳои замони ҷанги шаҳрванди ҷамъшударо мунтазам ба Созмони Милал мепардозад. Рӯзи чаҳоршанбе маркази хабарии Созмони Милал гузориш дод, ки Тоҷикистон ва 9 кишвари дигар бинобар напардохтани баъзе аз қарзҳои худ ба Созмони Милал аз ҳаққи раъй дар анҷумани навбатии Маҷмааи Кулл маҳрум мешаванд.


Тоҷикистон аз Созмони Милал тақрибан як миллион доллар қарздор будааст, ки онро ба гуфтаи Нуриддин Шамсов тибқи ҷадвали муаяйн ба тадриҷ хоҳад пардохт. Мусоҳиби мо афзуд, Тоҷикистонро ҳеҷ гоҳ аз ҳаққи раъйдиҳӣ дар Маҷмааи Кулл маҳрум накардаанд ва дар анҷумани 61-уми он, ки рӯзи сешанбе шурӯъ шуд, як ҳайъати Тоҷикистон таҳти раҳбарии вазири умури хориҷа Талбак Назаров ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG