Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Чин ба бахши кишоварзии Тоҷикистон


Ҳукумати Чин гуфт, ба хотири рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба ин кишвар ҳудуди даҳ миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Бино ба иттилоъи кумисcиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Чину Тоҷикистон, ки баъд аз зӯҳри 13 сентябр дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард, кӯмаки боимтиёзро Бонки Байналмилалии Чин ҷудо мекунад.


Ве Ҷеве - муовини раиси ин бонк ба Радиои Озодӣ гуфт, созишнома 15 сентябр дар шаҳри Душанбе имзо мешавад. Тавофуқи ибтидоӣ дар мавриди ихтисоси кӯмаки боимтиёзи Бонки Байналмилалии Чин моҳи марти соли 2006 зимни сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Чин ҳосил шуда буд. Ҳамчунин Чин ибрози омодагӣ кардааст, ки барои иҷрои беш аз 20 тарҳи Тоҷикистон ҷамъан 600 миллион доллари амрикоӣ ба сурати кӯмаки боимтиёз ҷудо менамояд.


Гузашта аз ин Чин тарҳи сохтмони нақби Шаршар, нақби Шаҳристон ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанакро сармоягузорӣ мекунад. Мутобиқи омори вазорати иқтисоди Тоҷикистон гардиши коло миёни ин кишвар ва Чин дар 8 моҳи соли ҷорӣ 85 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG