Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарнамоии Ораш дар варзишгоҳи марказии Душанбе


Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе намоиши ҳунарии овозхони шинохта Ораш бо арзи маъзарати ӯ аз баргузор нашудани консерташ дар рӯзи гузашта шурӯъ шуд ва мавриди истиқболи гарми ҳазорон нафар қарор гирифт.


Муҷрии консерт низ пеш аз шурӯъи барнома аз рафтори дирӯзаи, ба гуфтаи ӯ "нозебо"-и мухлисони Ораш изҳори тассуф кард. Ораш дар муроҷиат ба издиҳом гуфт: "Аввал мехоҳам салом кунам, ба тоҷикони азиз, ба ҳамватанонам. Дишаб барнома сари вақт иҷро нашуд. Гурӯҳи ман дер расид ва имрӯз хеле хушҳолам, тавонистам дар канори шумо бошам ва ин эҳсосро ман бо ҳеч эҳсосе дар дунё иваз намекунам."


Консерти Ораш муназзам ҷараён ёфт ва дар поён ӯ ба назди бинандагонаш рафт ва бо онҳо аз наздик мулоқот кард. Ин бор вуруд ба варзишгоҳ танҳо аз як даромадгоҳ муҷоз буд ва назмро даҳҳо корманди интизомӣ таҳти назорат мекарданд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG