Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сад навъи палав дар Кӯлоб


СД

Беш аз 300 ошпаз зери ним ҳазор дег оташ равшан карданд ва дар онҳо 9.000 кило биринҷро дам андохтаву беш аз 100 навъи палав пухта ва ин ҳамаро ройгон дар миёни даҳҳо ҳазор мардуми шаҳри Кӯлоб тавзеъ карданд. Рӯзи сешанбе (5 сентябр) дар Кӯлоб озмуни «Палави Хатлон» баргузор шуд. Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдории Кӯлоб гуфт, дар ин озмун, ки доварони он - сокинони шаҳр ва ҳаводорони маъруфтарин таъоми миллӣ - палаванд, 300 таббох бо садҳо тан аз шогирдони худ аз 25 ноҳияи Хатлон ширкат доранд.


Дар ин рӯз палави Балҷувон, палави Ховалинг, оши зирк, палави зарчӯба, оши хатлӣ, баргпалав, баррапалав, кабобпалав, зағирпалав, палави барги ангур, карампалав, палави кафтарчин, кабкпалав, оши Хуросон ва даҳҳо навъи дигари таъоми миллӣ таҳия шуда ва дар боғи фароғати шаҳр ба сокинони шаҳр тақдим шуд.


Ин озмун ба муносибати 2700-умин солгарди таъсиси шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Сайёфи Мизроб
XS
SM
MD
LG