Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ромини Ҷаҳонбеглу зиндонро тарк кард


Як корманди идораи зиндонҳои Ирон ба хабаргузории Форс иттилоъ додааст, ки Ромини Ҷаҳонбеглу - нависанда ва донишманди маъруфи иронӣ рӯзи чаҳоршанбе (30 август) зиндони Эвини Теҳронро тарк кардааст.


Ба гузориши хабаргузории Кори Ирон, оқои Ҷаҳонбеглу, ки шаҳрванди Конодо низ ҳаст, баъд аз пардохти васиқа ё замонатпулӣ аз зиндон озод шудааст.


Ромини Ҷаҳонбеглу моҳи апрели соли равон бо гумони ҷосусӣ боздошт шуд. Дар авоили ҳамон моҳ Қурбоналӣ Дуррии Наҷафободӣ - додситони кулии Ирон гуфт, ки ин нависанда ва донишвари иронӣ ширкати худ дар тарҳрезии як "инқилоби махмалӣ" дар Иронро таъйид карда ва барои "иштибоҳҳояш" пӯзиш хостааст.


Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар боздошти Ромини Ҷаҳонбеглуро маҳкум карда хостори озодии фаврии ӯ шуда буданд. Иттиҳодияи Урупо ва Конодо ҳам дар баробари сарнавишти ин донишвари иронӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.


Ромини Ҷаҳонбеглу дар Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида дар риштаи фалсафа таҳсил кардааст ва муаллифи чандин мақола дар бораи демукросӣ дар Ирон аст.
XS
SM
MD
LG