Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз ду узви Ҷунбиши исломии Узбакистон


Кормандони умури дохилаи Хуҷанд ду шаҳрванди Узбакистонро бо иттиҳоми узвият дар Ҷунбиши исломии Узбакистон боздошт карданд. Ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зимни тафтиш аз онҳо норинҷак, дастурҳои ифротгароёна ва шиносномаҳои тақаллубӣ мусодира шуд. Алайҳи шаҳрвандони Узбакистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз аввали сол то имрӯз 40 узви Ҷунбиши исломии Узбакистон боздошт ва чанд тани онҳо маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҷунбиши исломии Узбакистон, ки аз сӯи ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба феҳрасти созмону гурӯҳҳои террористӣ шомил шудааст, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди мухолифини тоҷик меҷангид. Баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 мусаллаҳони ин гурӯҳ дар Афғонистон мустақар шуданд. Суқути Толибон аъзои боқимондаи Ҷунбиши исломии Узбакистонро маҷбур кард,ки дар манотиқи қабоилнишини Покистон панаҳ баранд.
XS
SM
MD
LG