Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федеросиюни Ҳелсинки хостори лағви эъдом дар Тоҷикистон шуд


Федеросиюни Байнулмилалии Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки имрӯз аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки "дар ростои ҳимоят аз ҳуқуқи башар таъаҳҳуди корсозе" нишон диҳад ва муҷозоти эъдомро лағв кунад. Ин дархост дар як баёнияи муштараки Федеросиюни Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки ва Дафтари ҳуқуқи башар ва ҳукумати қонун дар Тоҷикистон омадааст.


Аарон Роудз, мудири иҷроии Федеросиюни Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки дар Вйен дар гуфтугӯе бо сомонаи интернетии ozodi.org дар бораи ин баёния гуфт:


"Ин бахше аз корзори мо дар саросари Осиёи Миёна ба ҷуз аз Туркманистон аст, ки ҳукми эъдом надорад. Федеросиюни Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки дар канори шуморе аз созмонҳои дигар дар минтақа корзори муштараке ба роҳ андохтаанд, то Осиёи Миёна ба як минтақаи орӣ аз ҳукми эъдом табдил шавад."


Тоҷикистон соли 2004 иҷрои ҳукми эъдомро мутаваққиф кард ва қавл дод, ки дар сурати фаро расидани шароити мусоъид ҳукми эъдомро дар ин кишвар комилан лағв кунад.
XS
SM
MD
LG