Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумонҳои Тоҷикистону Русия ҳамкориҳояшонро тақвият медиҳанд


Баъд аз зуҳри 24 август миёни Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Шӯрои федератсиюни Русия як созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери созишнома Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Сергей Миронов имзо гузоштанд. Оқои Миронов, ки раҳбарии Шӯрои федератсиюни Русияро бар дӯш дорад ва рӯзи панҷшанбеи 24 август вориди Душанбе шуд, гуфт, созишномаи мазкур барои таҳияи қонунгузориҳои ду кишвар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Ва аммо ҳадафи сафари худ ба Душанберо, ҷаноби Миронов тақвияти ҳамкориҳо байни порлумонҳои Русия ва Тоҷикистон, ҳамчунин ширкат дар ҳамоиши байнипорлумонии ин ду кишвар унвон кард.


Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик мегӯяд, яке аз омилҳои аслии муносиботи наздики порлумони Тоҷикистон ва мақоми олии қонунгузори Русия он аст, ки дар ҷараёни қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои ин ду кишвар умумият вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзан маврид қавонини Тоҷикистон аз қонунҳои Русия бе назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон нусхабардорӣ мешавад. Оқои Ҳакимов гуфт, ҷониби Русия ба чунин ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва минтақавии ин ду кишвар таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дорад ва ба ин тартиб мехоҳад, ҳамкори стротежӣ будани худ бо Тоҷикистонро муаррифӣ кунад.


Сергей Миронов мегӯяд, феълан, Тоҷикистон бо 70 вилояти Русия созишномаҳои ҳамкорӣ имзо кардааст ва амалан бо 60 вилоят ҳамкориҳо роҳандозӣ шудааст. Ӯ афзуд, ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия дар соли ҷорӣ ба таври чашмрас рушд карда ва дар нимсолаи соли ҷорӣ табодули мол миёни ин ду кишвар 60 дарсад афзоиш кард, ки ба бештар аз 200 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG