Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирон 'омодаи музокироти ҷиддист'


Алии Лориҷонӣ - дабири Шӯрои Олии Амнияти Ирон имрӯз гуфт, онҳо омодаи музокироти ҷиддӣ бо шаш кишваре ҳастанд, ки ба Ирон дар ивази қатъи фаъъолиятҳои ғанисозии урониюм бастаи имтиёзҳои иқтисодӣ пешниҳод кардаанд.


Хабаргузории донишҷӯёни Ирон ИСНО аз қавли Алии Лориҷонӣ навиштааст, ки музокирот доир ба бастаи пешниҳодиро метавон аз фардо рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ кард. Аммо ӯ нагуфтааст, ки оё Ирон ҳозир аст, фаъолиятҳои ғанисозии уранро қатъ кунад. Талабе, ки дар қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал омадааст.


Лориҷонӣ имрӯз бо намояндагони шаш кишвар, таҳиягарони бастаи пешниҳодӣ, гуфтӯгу дошт. Дар музокирот дипломатҳои чаҳор узви доимии Шӯрои Амният Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ба иловаи Олмон ширкат доштанд. Дар ин нишаст Амрикоро кордори сафорати Суис (Швейтсария) дар Теҳрон намояндагӣ мекард.


Пештар аз ин муовини раиси Созмони Энержии Атомии Ирон Муҳаммад Сайидӣ ба хабаргузории Меҳр гуфт, ки посухи Ирон як "имкони истисноии" дигар барои аз сар гирифтани музокироти ҳастаӣ бо ҷомеаи байналмилалист.
XS
SM
MD
LG