Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабиб Насруллоев озод шудааст


Додгоҳи шаҳри Маскав дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи истирдоди Ҳабиб Насруллоев, раҳбари пешини ҷамъияти Тоҷикматлубот ва аз фармондеҳони пешини Фронти Халқиро бар асоси тавҷеҳоти вукалои мудофеъаш ғайриқобилиқабул дониста ва радд кардааст. Ҳабиб Насруллоев дар пайи судури ҳукми додгоҳ озод шуд. Ӯ аз авоили моҳи августи соли 2003, беш аз 3 сол буд, ки дар Маскав дар интизори муҳокимаи парвандаи истирдодаш дар боздошт ба сар мебурд.

Додситонии кулли Тоҷикистон Насруллоевро бо иттиҳоми даст доштан дар як силсила ҷиноёт, аз қабили ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноӣ ва ҳамдастӣ дар талоши табаддулоти давлатӣ мавриди пайгард қарор дода буд. Ҳабиб Насруллоев дар соли 1992 аз тарафи нирӯҳои Фронти Халқӣ ҷангида, дар роҳи ба сари қудрат овардани ҳукумтаи кунунии Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов нақш доштааст. Аммо дар соли 1997 ӯ ба сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойберидев пайваст ва дар пайи нокомии талоши исёни мусаллаҳона дар моҳи августи соли 1997 тарки Тоҷикистон кард.
XS
SM
MD
LG