Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бритониё ва Омрико мизони таҳдиди амниятӣ пойин рафт


Дар Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё мизони таҳдиди ҳамлаи террористӣ як зина поин бурда шуд. Мизони олии хатари амниятӣ дар ҳарду кишвар чаҳор рӯз пеш, баъди он эълон шуд, ки мақомоти амниятии Бритониё дар бораи имкони таркиш дар ҳапопаймоҳои масири Иёлоти муттаҳида иттилоъ гирифтанд. Аз ҳамлаҳои террористӣ ҷилавгирӣ шуд, беш аз бист нафар гумонбарон, ки асосан шаҳрвандони покистониасли Бритониёанд, боздошт шуданд. Айни ҳол Ҷон Рейд - вазири умури дохилаи Бритониё гуфт, ки баъди поён бурдани мизони хатар низ бархе аз чораҳои таъмини амният барҷой хоҳад монд:


Тағйири сатҳи таҳдид маънои онро надорад, ки хатар комилан аз байн рафтааст. Мардум бояд донанд, ки дар бархе ҷойҳо ифротгароҳое боқӣ мондаанд, ки шояд ҳамлаҳо ба Бритониёро тарҳрезӣ мекунанд. Барои ҳамин иддае аз чораҳои таъмини амният боқӣ хоҳанд монд.


Рӯзи якшанбе як ҳавопаймои ширкати "Бритиш Эйрвейз", ки ба Ню Йорк парвоз мекард, аз нимароҳ ба Лондон баргашт. Зимни парвоз дар толор садои телефони дастӣ баланд шуд ва аммо нафаре аз 200 мусофири ҳавопаймо иқрор нашуд, ки телефони дастии аз 10 август ба ин сӯ мамнӯъро бо худ гирифтааст. Телефони дастӣ, ки комилан бехатар будааст, зимни тафтиш дар Лондон ошкор шуд.
XS
SM
MD
LG