Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғ. Мирзоев ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳуриро ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Женерол Мирзоев дар талош барои барандозии давлат аз тариқи ошӯби низомӣ, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт, сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ ва қатл муҷрим шинохта шуд.


Рӯзи 3 август муҳокимаи парвандаи женерол Ғаффор Мирзоев ва ҳамроҳони ӯ дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба поён расид. Додрасон барои таҳияи ҳукми ниҳоӣ ба машварат нишастанда буданд.


Ҳамаи муттаҳамон, аз ҷумла худи Мирзоев дар сухани поёнии хеш кайфархост (айбнома)-и додгоҳро рад карда, аз доварон хоста буданд, ки дар мавриди онҳо ҳукми одилона содир шавад.


Дар гузашта Додситонии низомии Тоҷикистон хостори судури ҳукми эъдом алайҳи Ғаффор Мирзоев шуда буд. Аммо зоҳиран бо таваҷҷуҳ ба таҳрими иҷрои ҳукми эъдом ин дархост ба ҷое нарасид.


Ғаффор Мирзоев тобистони соли 2004, пас аз ин ки мавриди бемеҳрии мақомоти аршад қарор гирифт, аз сӯи маъмурони амниятии Тоҷикистон боздошт шуд ва додситонӣ ба ӯ тибқи 34 моддаи Қонуни кайфарӣ кайфархосте содир карда буд. Муҳокимаи ӯ дар боздоштгоҳи вазорати амнияти Тоҷикистон пушти дарҳои баста сурат гирифт. Мақомот далели ин наҳваи муҳокимаро талош барои ҳифзи асрори давлатӣ унвон кардаанд.


Вакилони дифоъи оқои Мирзоев ҳукми додгоҳро қабул надоранд ва қасд доранд дархости таҷдиди назар кунанд.
XS
SM
MD
LG