Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои нав ва шадиди Исроил ба Лубнон


Нерӯҳои вижаи Исроил бомдоди чаҳоршанбе (2 август) бо размандагони Ҳизбуллоҳ дар атрофи як бемористони мутаъаллиқ ба ин созмон дар шаҳри Баълбак вориди даргирӣ шуданд. Артиши Исроил гуфт, ки чанд размандаро асир гирифта ва бидуни талафот ба пойгоҳҳои худ баргаштааст; иддаъое, ки Ҳизбуллоҳ онро рад кард.


Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Баълбак дастикам панҷ нафарро кушт. Пеш аз ин ҷангҳои тоза Исроил дар паи як ҳамлааш ба рустои Қоно, ки ба марги дастикам 50 нафар, аксаран кӯдакон мунҷар шуд, ҳамла ба Лубнонро барои 48 соъат ба таври маҳдуд мутаваққиф кард. Бо поёни ин муҳлат Исроил, чуноне ки гуфта буд, амалиёти тамомъайёрашро аз сар гирифт.


Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Омрико ба як шабакаи телевизионии ин кишвар гуфт, метавон дар чанд рӯзи оянда ба оташбас даст ёфт. Нахуствазири Исроил низ гуфтааст, ки имкони барқарории оташбас вуҷуд дорад,чаро ки созмони Ҳизбуллоҳ талафоти зиёд додааст.
XS
SM
MD
LG