Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли қатъи интиқоли гози Узбакистон ба Панҷакат


Ҳукумати ноҳияи Панҷакати Тоҷикистон бо интишори як мусавваба дастур додааст, ки мақомоти масъули ноҳия барои таъмини мардум бо ангишт ва дигар маводди сӯхтӣ чораандешӣ кунанд.


Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки эҳтимоли қатъи интиқоли гоз аз сӯи Узбакистон матраҳ шуд.


Бино ба иттилоъи ҳукумати Панҷакат, шикарти "Узтрансгаз" эълом кардааст, ки бино ба адами пардохти қимати гози истифодашуда аз сӯи Тоҷикистон судури гоз дар фаслҳои поизу зимистонро қатъ хоҳад кард. Аз ин рӯ ба гуфтаи мақомоти Панҷакат, имкони қатъи интиқоли гоз аз сӯи вилояти Самарқанди Узбакистон ба Панҷакат низ мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG