Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ барои густариши ҳамлаҳои заминӣ ба Лубнон


Ҳукумати Исроил ба артиши ин кишвар дастур додааст, ки ҳамлаҳои заминӣ ба Лубнонро густариш диҳад. Як манбаъ дар ҳукумати Исроил гуфт, ки баъди хотимаи оташбаси 48 соата ҳамлаҳо ба Лубнон "бо тамоми нерӯ" аз сар гирифта мешавад. Пеш аз ин амр нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт даъватҳои байналмилалӣ барои қатъи ҳамлаҳоро рад кард. Дар ҳамин ҳол Радиои Исроил хабар дод, ки ин кишвар сарбозони бештарро ба сафи артиш даъват мекунад.


Аз сӯи дигар раиси ҷумҳури Сурия Башшор Ал Ассад ба артиши кишвараш гуфт, омодагиҳои худро тақвият диҳанд ва афзуд, ки Сурия Лубнонро дар муқовимат ба зидди Исроил танҳо нахоҳад гузошт.
Башшор Ассад гуфт, Исроил "ҷанги ваҳшиёна барои маҳви Лубнон ва Фаластинро" идома медиҳад.


Манобеъи беҳдоштии Лубнон гуфтанд, ки имдодгарон аз зери харобаҳои хиёбонҳо дар ҷануби кишвар ҷасади 49 нафар ғайринизомиро берун овардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷасадҳо аз зери харобаҳо ва мошинҳои сӯхта аз даҳ деҳаи шаҳри Сур ёфт шуданд. Ин рустоҳо аз се ҳафта пеш мавриди ҳамлаи артиши Исроил буд.
XS
SM
MD
LG