Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар заминларзаи Тоҷикистон се кӯдак ҷон доданд


Бар асари заминларзаи рӯзи шанбе (29 июл) дар ҷануби Тоҷикистон се кӯдак кушта шуданд.19 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Ба иттилоъи вазорати умури изтирории Тоҷикистон, деҳаи Замини Нави ноҳияи Қумсангир тақрибан ба таври комил вайрон шуда ва ҳудуди 1200 сокини он бесарпаноҳ мондаанд. Дар чанд рустои дигари ин ноҳия ва ноҳияи Панҷ низ сохтмонҳои зиёде вайрон шудаанд. Теъдоди мардуми бесарпаноҳ беш аз ду ҳазор нафар гузориш шудааст.


Рӯзи шанбе дар ҷануби Тоҷикистон ду бор замин такон хурд. Маркази зилзиласанҷии "Душанбе" хабар дод, ки нерӯи ҳарду заминларза беш аз панҷ дараҷа рӯи миқёси ҷадвали Риштер буд. Абдураҳим Раҷабов, муъовини аввали вазири умури изтирории Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузориҳо иттилоъи қаблиро рад кард, ки гӯё конуни заминларза дар 135 килуметрии ҷануби шарқи Душанбе воқеъ будааст ва гуфт, ки маркази заминларза дар кишвари ҳамсояи Афғонистон будааст. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Қумсангир ситоди изтирорӣ таъсис ёфтааст.


Субҳи рӯзи якшанбе нахустин корвони кумакҳои башарӣ бо 30 тон маводди озуқа ва молҳои мавриди ниёз сӯи ноҳияҳои Қумсангир ва Панҷ роҳ гирифт. Намояндагии Созмони Салиби Сурх дар Тоҷикистон низ ба минтақаи осебдида 40 чодари бузург фиристод.


Акнун аъзои кумисиюни вижаи давлатӣ ва ҳамчунин намояндагони чанд созмони байнулмилалӣ ба шумули Барномаи Тавсеьаи Созмони Милал, Барномаи Хорбори Ҷаҳонӣ ва Созмони Байнулмилалии Салиби Сурх миқёси вайрониҳои заминларза, теъдоди осебдидагонро таҳқиқ ва миқдори кумак ба мардуми минтақаро мушаххас мекунанд.
XS
SM
MD
LG