Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза ҷануби Тоҷикистонро такон дод


Рӯзи шанбе (29 июл) заминларзае ба шиддати беш аз панҷ дараҷа рӯи миқёси ҷадвали Риштер ҷануби Тоҷикистонро ларзонд. Гуфта мешавад, ки конуни заминларза дар хоки Тоҷикистон, дар 135 килуметрии ҷануби шарқи Душанбе воқеъ будааст. Вазорати умури изтирорӣ хабар дод, ки дар ноҳияҳои Қумсангир ва Панҷ чанд сохтмон бар асари ин заминларза вайрон шуда ва маъмурони наҷот ба минтақа эъзом шудаанд. Гузорише аз талафот дар даст нест.
XS
SM
MD
LG