Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кул худро масъули нигаҳдорӣ аз Искандаров намедонад


Додситонии кулли Тоҷикистон баррасии мавзӯъи нигаҳдорӣ аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққати вазорати адлияи ин кишварро берун аз салоҳияти худ донистааст.


Абдусамеъ Дадабоев - муъовини аввали додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуъотии худ дар тавзеҳи сабабҳои нигаҳдории тӯлонӣ аз оқои Искандаров дар боздоштгоҳи муваққат гуфт, ин масъала хориҷ аз салоҳияти додситонии кул аст ва бар он тибқи қонун бояд вазорати адлия расидагӣ кунад.


Ҳамзамон дар нишасти матбуъотии Додситонии кулли Тоҷикистон аз афзоиши ҷароиме аз қабили фасоду ришвахорӣ дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ибрози нигаронӣ шуд.


Абдурасул Холмуродов - раиси ниҳоди вижаи додситони кулли Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо фасод ва ришвахорӣ гуфт, тайи шаш моҳи соли равон мақомоти додситонӣ дар кишвар 120 мавриди ҷурм сабт ва дар ин замина 65 парванда боз кардаанд.


Оқои Холмуродов афзуд, дар бештари маворид кормандони зинаҳои поёнии мақомоти давлатӣ ба фасоди молӣ даст задаанд. Аммо ӯ дар мавриди ин ки чӣ касоне аз зумраи мақомоти болоӣ дар шаш моҳи ахир ба чунин ҷароим даст задаанд, чизе нагуфт.
XS
SM
MD
LG