Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили қуллаи Ленин ба қуллаи Истиқлол


Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, номи қуллаи Ленинро дар Бадахшон, ки сеюмин баландтарин нуқта дар қаламрави шӯравии пешин аст, ба номи қуллаи Истиқлол иваз кунад. Дар ҳамин қарор омадааст, қуллаи Револютсия (баландияш 6940 метр) ба номи фарзанди бузурги халқи тоҷик Абӯалии Сино гузошта шавад. Қуллаи Ленин, ки ба андозаи 7134 метр аз сатҳи баҳр баланд аст, дар соли 1928 ин номро гирифт ва то он вақт дар харитаҳои русӣ ба номи генерали рус Кауфман буд. Номи пешвои болшевикҳо Владимир Ленин замоне ба он гузошта шуд, ки ҳанӯз қуллаи Коммунизм кашф нагашта буд. Ҳоло аз байн бурдани номи Ленин аз ин исми ин қулла нохушнудии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба амал овардааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар солгарди сулолаи Сомониён дар соли 1999 қуллаи Коммунизмро (баландтарин дар шӯравии собиқ -- 7495 метр) ба номи Исмоили Сомонӣ гузошт. Дар Тоҷикистон ҳанӯз қуллаҳои Карл Маркс, Петри Аввал, Корженевская ва ғайра бо номҳои куҳнаи худ боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG