Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишону парчами раисиҷумҳурӣ тасвиб шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар бахши ниҳоии иҷлоси дуввуми худ қонуни нишон ва парчами раиси ҷумҳурии ин кишварро тасвиб кард. Сафаралӣ Раҷабов - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ҳангоми тавзеҳи пешнависи қонуни мазкур гуфт, аз ин ба баъд парчам ва нишон ҳамчун рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Тоҷикистон шинохта мешавад. Ба гуфтаи оқои Раҷабов, парчам аз порчае хос таҳия мешавад, ки се навори сурху сафеду сабз дорад. Дар маркази парчам тасвире аз дирафши ковиёнӣ ҳамчун рамзи бақои давлати миллӣ ва дар фарози он найза ба унвони намоде аз ирода қарор доранд. Дар қисмати болоии чӯбдасти ливо лавҳи заррине насб шуда, ки дар он ном ва номи хонаводагии раисиҷумҳурии ва давраи раёсати қонунии вай ҳак шудааст.


Нишони раёсати ҷумҳуриро тасвирҳои як шери болдор ва тоҷу ҳафт ситора музайян кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба назари Муҳиддин Кабирӣ - вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нишон ва парчами қабулшуда комил нест ва он ниёз ба бознигарӣ дорад. Вай мегӯяд, дар ин нишону парчам намодҳое аз зӯру тавоноӣ ҳаст, аммо ҷои рамзи хирад холист. Оқои Кабирӣ бар ин бовар аст, ки низоми давлатдорӣ набояд танҳо ба зӯру қудрат такя кунад, балки дар канори иқтидор бояд хирад ҳам бошад, то пояҳои давлатдорӣ пойдор бимонад. Зимнан, бино ба таъкиди Сафаралӣ Раҷабов - раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва идораи маҳаллии Маҷлиси Намояндагон, аз ҷумлаи кишварҳои Шӯравии пешин дар гузашта Русия, Укроин ва Қазоқистон рамзҳои раёсати ҷумҳурии кишварҳои худро қабул кардаанд.

Абдулқайюми Қайюмзод, аз Душанбе
XS
SM
MD
LG