Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Англия ва Португалия низ ба ҳаштякфинал рафтанд


Шоми дируз дар бозиҳои ҳаштякфинали Ҷоми Ҷаҳонӣ дар Олмон дастаҳои футболи Англия ва Португалия баъд аз пирузӣ бар рақибони худ ба даври баъдии бозиҳо роҳ ёфтанд. Дастаи Англия бар Эквадор ва дастаи Португалия бар Ҳолланд бо ҳисоби яксон, яъне бо ҳисоби як бар сифр пируз шуданд. Ба ин тартиб ин ду дастаи пируз дар гуруҳи 8 дастаи беҳтарини футболи ҷаҳон ҷой гирифтанд. Коршиносони футбол пирузии Англия бар Эквадорро пешгуӣ мекарданд. Вале бозии Португалия ва Ҳолланд то лаҳзаҳои охири бозӣ ғайри қобили пешбинӣ буд. Валентин Иванов-довар аз Руссия аз ҳар ду даста ду нафарӣ-ду бозигари Португалия ва ду бозигари Ҳолландро бо нишон додани корти сурх аз майдон ихроҷ кард. То ҳол дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар як бозӣ 4 бозигар аз майдон ихроҷ нашуда буданд. Акнун ин ду дастаи пируз, яъне Англия ва Португалия якуми июл дар чаҳорякфинал бо якдигар бозӣ мекунанд. Ду дастаи дигар-Олмон ва Аргентина, ки қаблан ба чаҳорякфинал роҳ ёфтанд, 30-юми июн рақиби якдигар хоҳанд буд. Имруз дар чаҳорчубаи бозиҳои ҳаштякфинал ду бозии дигар баргузор мешавад. Итолё бо Остролиё ва Суис бо Укроин бозӣ мекунанд. Укроин аз миёни кишварҳои Славянӣ танҳо намояндаест, ки то ҳол барои ба даст овардани Ҷоми Ҷаҳонии футбол мусобиқотро идома медиҳад. Расидан ба ҳамин марҳала, яъне ба бозиҳои ҳаштякфинал дар Ҷоми Ҷаҳонӣ барои Укроин , ба вижа барои Олег Блохин-муррабии футболи ин кишвар, дастоварди беназир дониста мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки агар ин даста дар даври навбатӣ ноком шавад, мухлисонаш чандон норозӣ нахоҳанд буд, зеро на ҳар даста ифтихори ширкат дар бозиҳои ҳаштякфиналро дорад.

Н. Холзода
XS
SM
MD
LG