Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибони майдон бозиҳои ҳаштякфинали Ҷоми ҷаҳонии футболро оғоз мекунанд


Рӯзи ҷумъаи 23 июн чор бозии даври сеюми Ҷоми ҷаҳонии футбол доир гашта, рӯйхати 16 дастаи довталаби ҳаштякфинал муайян шуд.
Дар гурӯҳи "G" мунтахаби Швейтсария Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби ду бар ҳеҷ ноком карда, бо ҳафт имтиёз ҷои аввалро ишғол намуд. Дастаи мунтахаби Фаронса футболбозони дастаи кишвари африқоии Тогоро бо ҳамин ҳисоб шикаст дода, ба гирифтани ҷои дуюм муваффақ гашт.
Дар гурӯҳи "H" Испания Арабистони Саудиро ба ҳисоби як бар ҳеҷ мағлуб намуда, бо нӯҳ имтиёз ҷои аввалро ишғол кард. Украина Тунисро бо ҳамин ҳисоб шикаст дод ва бо шаш имтиёз дар мавқеи дуюм қарор гирифт.
Ҷадвали қуваозмоиҳои 16 дастаи беҳтарин чунин аст:

24 июн (шанбе)
Олмон -Шветсия (Мюнхен)
Аргентина-Мексика (Лейптсиг)

25 июн (якшанбе)
Англия-Эквадор (Штутгарт)
Португалия-Ҳолланд (Нюрнберг)

26 июн (душанбе)
Италия-Австралия (Кайзерслаутерн)
Швейтсария-Украина (Кёлн)

27 июн (сешанбе)

Бразилия Гана (Дортмунд)
Испания-Фаронса ( Ҳановер)
XS
SM
MD
LG