Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аргентина - Ҳолланд 0:0. Аммо ба нафъи кӣ?


Рӯзи чоршанбе, 21 июн бозиҳои даври севвум ва ниҳоии марҳалаи мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол - 2006 дар гурӯҳҳои С ва D сурат гирифтанд. Дар гурӯҳи С ду тими Ҳолланд ва Аргентина ба хотири таъйин кардани пешсафи ин гурӯҳ ба дидори ҳам рафтанд. Дар ин бозӣ ҳисоб кушода нашуд ва дар натиҷа ҳарду тим баъди 3 бозӣ 7-холӣ ба даст оварданд, вале ба маҳзи таносуби хубтари тӯбҳо ҷойи аввал дар гурӯҳи С насиби тими Аргентина ва ҷойи дуввум насиби Ҳолланд шуд. Ба назари шореҳин, бозии Ҳолланд дар муқобили Аргентина ҳисобшуда буд ва бо гирифтани ҷойи дуввум бозигарони ҳолландӣ эҳтимоли дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ дар муқобили тими Олмон - мизбони ин Ҷоми Ҷаҳонӣ қарор гирифтани худро хунсо карданд.

Дар бозии дуввуми гурӯҳи С тими кишвари африқоии Кот-дИвуар ё худ соҳили Оҷ Сербия ва Черногорияро бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст дод ва бо 3 имтиёз дар мақоми севвуми ҷадвали ин гурӯҳ қарор гирифт. Сербия ва Черногория, ки ҳар се бозиашро бохтааст, бидуни имтиёз дар мақоми охири ин ҷадвал боқӣ монд.

Дар гурӯҳи D Португалия Мексикаро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кард ва бо 9 имтиёз пешсафи гурӯҳи худ шуд. Мексика бо 4 имтиёз ҷойи дуввум ва роҳхати дуввум ба бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Ҷаҳониро ба даст овард.
Бозии байни Ангола ва Эрон бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 ба поён расид ва дар натиҷа Ангола бо 2 имтиёз дар мақоми севвум ва Эрон бо 1 имтиёз дар зинаи чоруми ҷадвали гурӯҳи D қарор гирифтанд. Бино ба хабарҳо, созмони рушди варзиши Эрон билофосила дар пайи ин бозӣ Муҳаммад Додхонро аз симати раиси Федеросиюни футболи Эрон барканор кардааст. Ҳамин тариқ, дар бозиҳои ҳаштякниҳоӣ Португалия бо Ҳолланд ва Аргентина бо Мексика вориди рақобат хоҳанд шуд.

Имрӯз, 22 июн дар гурӯҳи G Чехия бо Итолиё ва Амрико бо Гана ба дидори ҳам хоҳанд рафт. Дар гурӯҳи F Бразил бо Ҷопон ва Хорватия бо Австралия рақобат хоҳанд кард. Бозиҳо дар гурӯҳи G соати 19-00 ба вақти Душанбе ва дар гурӯҳи F соати 24-00 (низ ба вақти Душанбе) доир мешаванд.
XS
SM
MD
LG