Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон пешниҳодҳои байнулмилалиро "ҷиддан" баррасӣ мекунад


Вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ мегӯяд, кишвараш бастаи пешниҳодҳои байнулмилалиро дар роҳи қатъи баҳси марбут ба барномаи ҳастаии Эрон "ҷиддан" баррасӣ мекунад. Ин нуктаро Муттакӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири корҳои берунаи Ҷопон Таро асо баён доштааст. Маҷмӯъи пешниҳодҳои аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ ва Олмонро рӯзи 6-уми июн масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳавийер Солана ба Теҳрон расонд ва аввалин вокуниши эрониҳо ин буд, ки бастаи мазкур гомҳои мусбат дорад, вале ҳамзамон норӯшаниҳое дар он ҳаст, ки бояд рӯшан шаванд.
Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш гуфт, аз посухи Эрон дилгарм шудааст. Вале ҷузъиёти пешниҳодҳои мамолики Ғарб маълум нест ва вазир корҳои хориҷи Олмон Франк-Валтер Штейнмайер гуфт, умедвор аст, ки Эрон то поёни моҳи июн ба пешниҳодҳо посухи расмӣ хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG