Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳамон пайвандонашонро ба кумак хостанд


Дар шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии гурӯҳи қочоқбари маводи мухадир поён ёфт. Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, додгоҳ онҳоро дар чанд ҷиноят,аз ҷумла, кӯшиши куштор, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ, фурӯши маводи мухадир ба маблағи бузург ва тақаллуби аснод муттаҳам эълон кард. Роҳбари гурӯҳ Хусрав Амирхоҷаев, ки моҳи декабри соли гузашта боздошт шуда буд, ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид. Додгоҳ дигар аъзои гурӯҳро аз 12 то 17 солӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Миёни онҳо як хонум - Фотима Олимова ҳаст, ки барои қочоқи маводи мухадир 12 соли ояндаро пушти панҷара сипарӣ хоҳад кард.
Ҳабибулло Воҳидов - додситони шаҳри Душанбе ба хабаргузории "Авасто" иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни тафтишот Фотима Олимова тифлеро ба дунё овард ва ин тифл сабаби моҷаро дар толори додгоҳ шуд. Вақте кормандони милиса мехостанд тифлро аз модар ҷудо кунанд, ҳама муттаҳамон ба нишони эътироз аз ҷой бархостанд ва наздикону пайвандони худро ба ёрӣ хостанд. Тайи чанд дақиқа дар толори додгоҳ бенизомиҳо идома доштанд ва барои барқарор кардани тартибот нерӯҳои иловагии милиса сафарбар шуданд.
XS
SM
MD
LG