Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон марзбонони қирғизро муттаҳам мекунад


DR

Мақомоти низомӣ дар Узбакистон марзбонони қирғизро муқассири як ҳодисаи мусаллаҳона донистаанд, ки гуфта мешавад, дар натиҷаи он як фарди ғайринизомӣ захмӣ шуд. Як сомонаи интернетии рӯ ба давлат дар Тошканд бо истинод ба як мақоми додситонии низомии Узбакистон менависад, ки ин ҳодиса рӯзи 1 июн дар минтақаи Намангон иттифоқ уфтодааст. Ҳамин мақом гуфтааст, ки 4 марзбони қирғиз ба таври ғайримуҷоз вориди хоки Узбакистон шудаанд ва яке аз онҳо як рустоии 26-соларо ба гулула бастааст. Вай гуфт, ки мақомот таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардаанд. Давлати Қирғизистон ҳанӯз ба иддаъои Тошканд вокуниши расмӣ нишон надодааст. Хатти марзии миёни ин ду кишвар, ки 1300 килуметр тӯл дорад, ҳамвора аз манобеъи муноқишот ва маҳалли ҳаводиси ҷанҷолбарангез будааст. Ахиран расонаҳои давлатии Узбакистон Қирғизистонро ба бастани шуморе аз посгоҳҳои марзӣ ва нақзи мувофиқатномаҳои мавҷуди миёни ду кишвар муттаҳам карданд. Бино бар гузоришҳо, интизор меравад мақомоти ду кишвар ҳафтаи оянда (9 июн) дар минтақаи Намангон дар бораи аломатгузории марзӣ ба гуфтугӯ бинишинанд.
XS
SM
MD
LG