Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 6 милёну 300 ҳазор доллар кумак ба Тоҷикистон


Рузи панҷшанбе Кумисюни Аврупо эълон кард, ки барои кумак ба бахши беҳдошт ва боло бурдани сатҳи зисти мардум дар Тоҷикистон 6 милёну сесад ҳазор доллар ихтисос медиҳад. Кумисюни мазкур гуфтааст, ин маблағ ҳамчунин барои таҳияи ғизо, оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ дар ихтиёри аҳолии Тоҷикистон гузошта мешавад. Ин кумакҳо тавассути созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалии имдодрасонӣ ба мардум расонда мешавад. Дар гузориши Кумисюни Аврупо омадааст, бо вуҷуди беҳбуди вазъи иқтисодӣ, Тоҷикистон ҳамчунон фақиртарин кишвар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ боқӣ модааст. Мушкилоти аслии ин кишвар фаъолияти заъифи муассисаҳои беҳдоштӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба оби софи ошомиданӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG