Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як таркиш дар марз


Як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд бар асари инфиҷори майн ҷароҳатҳои сангин бардошт. Ба иттилоъи Маркази майнрубии Тоҷикистон, Ёқубҷон Ҳамроеви 19 сола ҳангоми подабонӣ дар минтақаи ҳаммарз бо Узбакистон пой ба майн гузошт. Ҳамдеҳагонаш ӯро ба таври оҷил ба бемористони ноҳия интиқол доданд.
Кормандони Маркази майнрубии Тоҷикистон мегӯянд, ки соли гузашта бар асари инфиҷори майн дар кишвар ҳафт нафар ба ҳалокат расида, 19 нафар, аз ҷумла, ҳафт тифл ҷароҳат бардоштанд. Гуфта мешавад, ки 10 нафари онҳо дар натиҷаи таркиши майн дар манотиқи бо Узбакистон ҳаммарзи вилояти Суғд маҷрӯҳ шудаанд. Соли гузашта ҳукумати Узбакистон эълон кард, ки ба барчидани майнҳои дар марз бо Тоҷикистон гузоштааш шурӯъ мекунад ва аммо барои ин ба кумаки молии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Дар мавриди он ки то ҳол дар марзи ду кишвар чӣ қадар майн мавҷуд аст, иттилоъи мушаххас зери даст нест.
XS
SM
MD
LG